БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Силшинос” маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ доир шуд. Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Н. роҳбарияти ташкилоти ибтидоӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок доштанд.
Дар назди ҳозирин нахуст раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Силшинос” Файзализода Содиқ суханронӣ намуда, доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ибрози назар кард. Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоӣ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намуда, барои беҳтару хубар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳати тандурустӣ ва дастрасӣ доштани аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ талошҳо кардаанд. Нақши аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилот дар самти пешгирӣ ва паҳншавӣ ва интиқоли бемории коронавирус ва бемории сил хело назаррас мебошад, - таъкид дошт Файзализода Содиқ. Дар идома масъалаи қабул ба сафи ҲХДТ муҳокима гардида, 40 нафар кормандони Муассисаи давлатии Беморхонаи вилоятии сили вилояти Хатлон ба сафи ҲХДТ қабул карда шуданд.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло ба сухан баромада иброз дошт, ки ҲХДТ дар доираи амалӣ намудани барномаи пешазинтихоботӣ дар оянда дар соҳаи тандурустӣ як қатор тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ хоҳад намуд. Амалигардонии барномаҳои афзалиятноки тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ барои давраи то соли 2030, ворид намудани технологияҳои нави ташхису табобат дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат ва ғайра аз ҷумлаи онҳо мебошад. Дар интиҳои маҷлис ба 40 нафар кормандони Муассисаи давлатии Маркази вилоятии бемориҳои сили вилояти Хатлон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, чанд нафар аъзои фаъоли ҳизб бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар сарфароз гардиданд.