ШАҲРИТУС. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати шаҳраки Шаҳритус маҳаллаи Рӯдакӣ, кӯчаи Носири Хусрав дар кӯча, мағозаҳо ва сартарошхонаҳо суҳбатҳо доир гардид. Дар суҳбати рӯ ба рӯ ба сокинон оиди вакиснагузаронӣ бар зидди бемории коронавирус, ки имрӯз ин бемории ҳамагир ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст фаҳмонида шуд. инчунин, онҳо таъкид карда шуданд, ки аз ҷойҳои серодам худдорӣ карда, фосилаи иҷтимоиро риоя намоянд ва дар ҷойҳои кориву хонаи истиқоматӣ гигиенаи шахсиро мунтазам риоя намоянд.