![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20180612_100104.jpg?itok=P2XQAENl)
ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сафаралӣ Шарифзода ва Фирӯз Пиров бо аъзои ташкилоти ибтдоии ҳизбии “Бозори марказӣ” вохӯрӣ баргузор намуданд. Зимни баргузории вохӯрӣ Сафаралӣ Шарифзода дар бораи баланд бардоштани маърифатнокӣ бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ба мардум фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.
Дар ин раванд Фирӯз Пиров дар бораи фаъолгардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтан сокинон бо шуғл суханронӣ кард.
Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо тарзи ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳаракати аъзои ҳизб шинос шуданд.