ПАНҶ. Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумхурии Тоҷикистон дар Литсейи касбӣ-техникии №51-и ноҳияи Панҷ бо дишинҷӯёни ин даргоҳи илму ҳунар вохӯрии судманд таҳти шиори “Ваҳдат – эҳёгари фарҳанги миллат” доир гардид. Чорабини аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, намоиши либоси миллӣ оғоз гардида, ҷавондухтарони ин Литсей дар баргузории он фаъолона иштирок намуданд.
Нахуст, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Холов Диловар дар баромадаш оид ба ин ҷашни миллати тоҷик - Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Ваҳдат ин ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму покизатинативу миллатдӯст будан аст. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлолияти кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Ҳақиқатан ҳам Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан мебошад, зеро дар давлате, ки сулҳу амният ва дустӣ ҳумкфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул шукуфта, иктисодиёташ рушд намуда, бо ин васила мардумашро бо зиндагии шоиста таъмин менамояд.
Маҳз, бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон миллати парешонгаштаи мо сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пешрафт намуда, дар миқёси ҷаҳон машҳур гардид.
Баъдан, мудири бахши занони Кумитаи иҷроия Атавуллоева Зебунисо зимни суханронӣ қайд намуд, ки мувофиқи сарчашмаҳои этнографӣ халқи тоҷик аз қадимулайём бо ҳамон либосҳои тарҳи тоҷиконаи худ дар байни дигар халқиятҳо ба куллӣ фарқ доштанд. Онҳо бештар зимни интихоби либос рангҳои равшану дилкушоро интихоб мекарданд, на ранги сиёҳро мардуми мо ин рангро аз азал рамзи аҳриманӣ медонанд.
Аз ин лиҳоз ҳар яки мо занону ҷавононро зарур аст, ки ҳангоми интихоби матоъ ба ранг ва сифати он аҳамияти ҷиддӣ дода, дар пайравӣ аз гузаштагонамон либосҳои шинаму зеборо ба бар намоем.
Дар охир, якчанд нафар ҷавондухтарон дар баромадашон нисбати икдомҳои созандаю эҳёгароёнаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ ва таъмини ваҳдату истиқлолияти кишвар ибрози андеша намуданд.