ҶАЙҲУН. Бо мақсади расонидани ёрии методӣ ва бо ин васила вусъати фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ба ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ”-и ноҳия ташриф оварда, аз рафти фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ хубтар шинос шуданд.
Зимни ташриф ба масъулини ташкилоти ибтидоии болозикр оид ба тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар самтҳои фаъолият тибқи Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тавсияҳои муфид дода шуд.