Н.ХУСРАВ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб, бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳамарӯза Аксияҳои ҳизбии «Якҷоя месозем!» вобаста ба иҷрои корҳои ободонию созандагӣ, тозагии маҳал, атрофи роҳҳо, рангу бор намудани манзилҳои зист, таҳти унвони «Ободии Ватан-саодати мост!» баргузор намуда истодаанд.
Ин навбат ҳизбиёни ташкилотҳои ибтидоии деҳоти ноҳия дастаҷаъмона аксияи «Тозагии маҳал»-ро баргузор намуда, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Фирўзаи маркази ноњия боғи фарњангиро тоза намуда, ба тартиб оварданд.