Н.ХУСРАВ. Бо мақсади пешгирӣ аз коронавирус масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро оиди пешгирӣ аз гирифторшавии ин вирус дар байни сокинон баргузор намуда истодаанд.
Ин навбат масъулин бо сокинони Ҷамоати деҳоти Фирӯза суҳбати рӯ дар рӯ баргузор намуда, вобаста ба пешгирӣ ва риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар оила ва ҷойҳои ҷамъиятиро фаҳмонида доданд ва ба онҳо варақаҳои таблиғотӣ оиди роҳҳои пешгирӣаз коронавирусро дастрас карданд.