БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИЗЗАТ АМОН НА ФАРИШТА ҲАСТУ НА ЯГОН ИНСОНИ КАЙҲОНӢ...

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо  дар сомонаҳои интернетӣ  ќазияи  боздошти  Иззат Амон  сару садоҳоро баланд намуда,  бархе  аз  муҳоҷирони кӯтоҳандеш бе таҳлил ва доштани маълумоти  саҳеҳ  вобаста  ба ин  қазия  ба  доми гурӯҳҳои экстремистӣ меафтанду худ бедарак мемонанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки  Иззат Амон на фаришта ҳасту на ягон инсони кайҳонӣ,  балки як инсони хокист. Маълум аст, ки ҳар касе таҳқир ва ё қаллобӣ менамояд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Бинобар ин тарафдорӣ аз ҷинояткор ва ё гумонбар  наметавонад сабаби озод гардидани он бошад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба монанди «Гурӯҳи-24», «ТТЭ ҲНИ»   ва шахсони манфиатдор мехоҳанд аз фурсат истифода намуда,  сафи аъзои худро аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу камасавод зиёд гардонанд ва ба ин васила онҳоро ба механизми истифодаи мақсадҳои  худ равона созанд. Дар замони бархурди  манфиатҳо онҳое, ки  ба ҳаводису воқеаҳо бо чашми хирад наменигаранд, аллакай дар зиндагӣ роҳгумзада гардида, бозичаи дасти дигарон мегардад.

Яке аз хабарҳое, ки имрӯз сархати  сомонаҳои иҷтимоиро ташкил медиҳад, алалхусус  зери истифодаи гурӯҳҳои  ифротӣ қарор, боздошти як нафар бо исми Иззат Амон мебошад. Ҳамаи ин сомонаҳо ва ё гурӯҳҳои экстремистӣ «пуштибонӣ» аз нафаре доранд, ки бо ҷурми ғайриқонунӣ шаҳрвандии Федератсияи Россияро соҳиб гардидаву баъди ошкор гардидани қонунвайронкунӣ шаҳрвандияш бекор карда  шуда, аз ин кишвар ихроҷ  карда мешавад. Аризаи шикоятии баъзе аз ҷабрдидаҳо маълум менамояд, ки Иззат Амон на ҳомии ҳуқуқ, балки як фиребгар аст, зеро  бо истифода аз боварии бархе аз муҳоҷирон маблағҳои онҳоро аз худ кардаву ба бархеи дигар аз  як қисми он  кумак расонидаву  дар шабакаҳои интернетӣ аз худ қаҳрамон сохтааст. Албатта,  беҳуда нагуфтаанд: «Харҷ агар аз қиссаи дигарон бувад, Ҳотами той шудан осон бувад». Пас ҷавононро  махсусан онҳое, ки берун аз кишвар кору фаъолият  менамоянд, бояд таҳлилгару нуктасанҷ бошанд ва ба  суханҳои гурӯҳҳои ифротӣ дода нашаванд. Зеро онҳо танҳо барои манфиати шахсии худ ба ин қазия дарафтодаанд.

Ҳусейнов Умедҷон,  мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg