ТЕМУРМАЛИК. Бозиҳои навбатӣ дар доираи мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои деҳаҳои Ҷамоатҳои деҳоти С.Раҳимов, Танобчӣ, Кангурт ва Ҷамоати шаҳраки Баҳманруд баргузор гардиданд.
Дастаи “Совет” – и Ҷамоати шаҳраки Баҳманруд дар доираи бозиҳои даври 1 – ум дар майдони варзишии назди мактаби варзишии №1 – и Ҷамоати шаҳраки Баҳманруд бо дастаи “Ҷорубқул” – и Ҷамоати деҳоти С.Раҳимов рақобат намуд. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 3:2 бар суди дастаи “Совет” хотима ёфт.
Дастаи “Танобчӣ” – и Ҷамоати деҳоти Танобчӣ дар доираи ин давр бо дастаи “Кангурт” – и Ҷамоати деҳоти Кангурт рақобат намуд. Дар натиҷа, бозӣ бо ҳисоби мусовии 0:2 бар фоидаи дастаи “Ваҳдат” хотима ёфт.
Дар охир дастаҳои ғолибомада бо ҳам рақобат намуданд ва бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:0 бар фоидаи дастаи “Совет” – и Ҷамоати шаҳраки Баҳманруд анҷом ёфт.