АНДЕША. Истиқлолият чун рамзи озодию ягонагӣ ба мо тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, он чун хуршеди дурахшон роҳи ояндаи моро нуру зиё бахшида ва баҳри амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои накӯ нерӯи тозаро эҳдо сохт. Маҳз бо пайки ин неъмати бебаҳо имрӯз кишвари моро дар арсаи байналмиллалӣ мешиносанду ба тамоми дастовард ва фарҳангу тамаддуни гузаштаи мо арҷ мегузоранд.
Воқеан, дар баробари дигар муқаддасот Истиқлолият низ яке аз арзишҳои волое мебошад, ки бо ба даст оварданаш тамоми ҳастии миллии мо аз нав эҳё гардид. Имсол Истиқлолияти кишвар 30-сола мегардад, ки чун ҷавони матину устувор сӯи фардои дурахшон равон асту моро ҳам бо худ бурда истодааст. Ин неъмати бузург бо пайки хеш нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ,т ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро ба Тоҷикистони азиз овардааст. Моро лозим аст, то баҳри пойдорӣ ва таҳкими он фаъолияти худро ба роҳ монда, саҳми арзандаи хешро дар рушду нумуи кишвари азизамон гузорем.
Ҷавонон, ки қишри ояндасози кишвар ба ҳисоб мераванд, дар замони соҳибистиқлолӣ ҳама чун як тану як ҷон паи илму донишандӯзӣ имрӯз ҳар яке дар самти хеш муваффақанд. Маҳз бо шарофати Истиқлолият баҳри илмомӯзии ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё гардид. Ин аст, ки ҷавонони имрӯз ҷиҳати аз бар намудани илму донишҳои гуногуни мувофиқ ба талаботи замон дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар таҳсил намуда, баъзеи дигараш дар муассисаву донишкадаҳои бонуфӯзи кишварҳои хориҷ таҳсили илм менамоянд.
Дар ҳақиқат, имрӯз дар фазои Истиқлолият ва сулҳу субот кулли ҷомеа сарбаландона ҳаёт ба сар мебаранд. Аз оромию осудагӣ шоирон шеъри сулҳ мегӯянду мусаввирон расми муҳаббат ва садоқат тасвир менамоянд ва ҳунармандон суруди сулҳу ваҳдат месароянд. Пас, ҳамин аст Истиқлолият ва озодӣ.
Дар воқеъ, Истиқлолият орзуҳои якояки моро месабзонаду зиндагиро ширин ва қалбҳоро ба фардо умедвор месозад. Пас, мо - аҳли ҷомеа, дар якҷоягӣ бояд пеш аз ҳама, ба дарки амиқи самараҳои Истиқлолият сарфаҳм рафта, баҳри ҳифзу пойдорӣ, якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи кишвар фаъолияти худро ба роҳ монем, баҳри рушду инкишоф ва муаррифии ин сарзамин дар арсаи байналмилалӣ талош намоему таҳкимбахши Истиқлолият ва оромию осудагии кишвари хеш бошем.
Ятимова Рухшона, мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор