КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати Зиракӣ” оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати Зиракӣ” Зардиев Ҳусниддин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Валиева Саъбагул баромад намуда, баён кард, ки барои ба тафриқа овардани ҷомеа ва заиф сохтану ба нестӣ бурдани давлат пеш аз ҳама ба фарҳангу маънавиёти он бархурд сурат мегирад ва асоси бақои миллату давлатро ҳимояи бошуурона аз чунин бархурдҳо ташкил медиҳад. Яъне пас аз Ваҳдати миллӣ дар марҳилаи нави давлатсозиамон яке аз воситаҳои муҳимми ҳимояи фарҳангу маънавиёти миллати тоҷик роҳандозии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гардид. Зеро ин санад, ки дарбаргирандаи марому мақсад, арзишҳои ахлоқиву динӣ ва таъриху фарҳангии мардуми Тоҷикистон мебошад, ба бақои давлату миллати мо масъуният бахшида, солимии маънавиёти мардуми кишвар, махсусан ҷавононро таъмин месозад.
Зимни суҳбат Зардиев Ҳусниддин гуфт, ки таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд. Маҳз ба хотири пешгирӣ аз таассубу зиёдаравӣ қонуни мазкур қабул карда шуд, ки риоя он ҳатмии он ҳам ба фоидаи оила ва ҳам ҷомеа мебошад.