ЛЕВАКАНТ. Масъулини Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шахри Левакант, бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус, дар деҳаи Яккачинори ҷамоати деҳоти Гулистон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, аз варақаҳои иттилоотӣ, барои пешгирӣ аз коронавирус COVID-19 истифода намуда, ба мардум ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас намуда, ҳамзамон, нисбати ин вируси хатарнок тавсияҳои муфид пешниҳод карданд.
Масъулин дар мулоқоту вохӯриҳо бо сокинон иброз намуданд, ки аломатҳои асосии ин беморӣ табларза, ҳарорати баланди бадан, сулфаи хушки бардавом, дарди сар, дарди гулӯ ва дарди мушакҳо мебошад. Бемории зикршуда аввал нафаскаширо душвор сохта, баъд ба кори шуш халал ворид месозаду дар ҳолати саривақт пешгирӣ накардан, инсонро ба ҳолатҳои вазнин мерасонад.
Аз ин рӯ аз ҳамаи мо вобастагии калон дорад, ки ба қоидаҳои беҳдошт беҳтару хубтар риоя намуда, худ ва атрофиёнро аз ин вируси сироятӣ эмин нигоҳ дорем.