ЛЕВАКАНТ. Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ин навбат дар кӯчаҳои Борбад ва Носири Хусрав бо аҳолӣ оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯз суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.
Намояндагони гурӯҳи корӣ дар суҳбату вохӯриҳо оид ба тадбирҳои роҳандозишуда аз ҷониби Хукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 ибрози андеша намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар ин самт имкон доданд, ки паҳншавии вирус ва гузариши он ба пандемия дар Тоҷикистон пешгирӣ карда шавад.