КӮЛОБ. Ҷиҳати дар сатҳи баланди варзишӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи аввали мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” миёни дастаҳои футболи ғайрикасбӣ дар деҳоту маҳллаҳои шаҳри Кӯлоб марҳила ба марҳила баргузор гардида истодааст.
Ин навбат дастаҳои “Андароб” ва “М. Ибронов” – и ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб бо ҳам сабқат намуда, дар натиҷа бо ҳисоби 4 бар 1 бозӣ ба фоидаи дастаи “М. Ибронов” хотима ёфт.