БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиҳои лухтак дар дасти охундҳои лухтакбоз

ВОКУНИШ. Имрӯз тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол талош доранд, ки дар устуворӣ ва таҳкими истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон ҳарчӣ бештар саҳм гузоранд. Аммо баъзе нохалафон чунин пешравӣ ва шукуфоии мамлакати азизамонро дида наметавонанд ва кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки онро халалдор созанд.

Ба ин тоифаи бадкеш гурӯҳи террористиву экстремистии наҳзатиҳо дохил мешаванд, ки бо дастгирии охундҳои эронӣ кӯшиш доранд фазои орому осудаи Тоҷикистонро ғуборолуд сохта, барои хушунату хунрезӣ ва бародаркушиву хушунатҳо шароит фароҳам оранд. Ин наҳзатиҳои лаънатӣ, ки худ ягон кори хайр накардаанд, боз мехоҳанд ба сари ин миллати ҷафодида нохушиҳо биёранд. Ин наҳзатиҳои гумроҳ лухтаке ҳастанд дар дасти охундҳои лухтакбоз ва худ оқибати корашонро ба дурустӣ сарфаҳм намераванд. Аммо донанд, ки як умр бозича мемонанд ва дар ду дунё шармсору сарафканда хоҳанд буд.

Ҳоло Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати орому обод ва рӯ ба рушд табдил ёфтааст. Мардумаш рӯ ба ҳаёти осоишта овардаанд. Чанд сол қабл ҳатто тассавур намекардам, ки дар давлати ҷангзадаи мо ин қадар роҳҳо, корхонаҳои бузурги саноатӣ, иншооти иҷтимоӣ, мактабҳо ва дигар инфрасохтори ҳаётӣ бунёд карда шаванд.

Имрӯз мо бояд дарк кунем, ки ободии минбаъдаи Ватан низ аз оромиву осудагии кишварамон вобаста аст. Бо назардошти ин мубориза бо наҳзатиҳои хиёнаткор танҳо вазифаи мақомоти амният ва тартиботи ҳуқуқ нест ва бояд тамоми шаҳрвандон алайҳи ин иқдоми ноҷавонмардона садо баланд кунанд. Мо ин қувваҳоро бояд сода нагирем. Тори риштаи ин луъбатакон дар дасти луъбатбозоне аст, ки оромии кишвари моро намехоҳанд.

Биёед дасти ҳамдигар бигирему барои ҳифзи Ватан аз ин дасиссабозон устувор биистем.

Т. Ҳошимов, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg