ҚУБОДИЁН. Дар Ҷамоати шаҳраки Қубодиён чорабинии ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон гузаронида шуд.
Дар ин росто ба аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ оид ба бемории сироятии коронавирус COVID-19 тақсим гардида, роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳию безараргардонӣ ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ буда, сокинон барои ҳифзи солимии худ ва ҷомеа аз қоидаҳои беҳдоштӣ самаранок истифода намоянд.