АНДЕША. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки дар асри 20-ум ба даст омадааст, ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.
Бояд гуфт, ки бо зуҳури истиқлол чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик сохибистиқлол гардид.
Истиқлолият маъно ва мазмуни мустақилият, озодӣ ва соҳибихтиёриро дорад. Озодӣ ва мустақилият бошад, барои ҳар як шахс, барои ҳар як кишвар дастоварди бебаҳост. Вале озодию истиқлолиятро ба даст овардан, соҳиби истиқлолият гардидан кори ниҳоят ҳам душвор, вазнину сангин аст. Он ба осонӣ ва арзонӣ ба даст намеояд. Барои онро ба даст овардан қурбониҳои зиёде додан лозим меояд. Дар таърих бисёр халқу миллатҳо соҳибистиқлолии худро дар муборизаҳои тӯлонӣ, дуру дарози таърихи пайгирона ва устуворона, бар зидди ҳамагуна душманони дохилӣ ва берунӣ бурда, хисороти зиёде доданд, фарзандони беҳтарини худро қурбон карда, пасон истиқлолиятро соҳиб гаштанд.
Халқи тоҷик, Тоҷикистони азизи мо ҳам то ба ин пояю мартабаи баланд расидан, соҳиби озодию истиқлолият гардидан роҳҳою мушкилиҳои хеле зиёди таърихиро аз сар гузаронидааст. Халқи тоҷик дар тӯлӣ зиёда аз ҳазорсолаи ташаккулёбӣ ва мавҷудияти худ барои озодию истиқлолият ба даст овардан кӯшишу талошҳои зиёд намуда, қурбониҳою харобиҳои бисёреро аз сар гузаронидааст. Хусусан, харобиҳою вайрониҳо нокомиҳои ба сари халқи тоҷик омада, дар замони истилои Юнониҳою Мақдуниҳо бо сардории Искандари Мақдунӣ, ҳуҷуми арабҳо асрҳои 7-8 хеле вазнину сангин, даҳшатовару фоҷиабор буданд. Вале ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда, халқ тӯли солҳои зиёд баҳри озодию истиқлолият мубориза бурда, ва билохира онро дар охири қарни 20 ба даст овард. Дар натиҷаи пош хӯрдани давлати абарқудрати шӯравӣ Тоҷикистон ҷумҳурии соҳибистиқлол эълон гашт. Халқи тоҷик комилан озоду мустақил гардида, роҳи бунёдкорию созандагиро пеш гирифт.
Сокинону шаҳрвандони озоду баландтолеъи Тоҷикистони имрӯза, баъд аз Ваҳдати миллиро ба даст овардан ба дастовардҳои зиёд ноил гаштанд. Бо роҳбарии шахси оқилу фозил, абармарди таъриху сиёсат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бисёр дастовардҳою комёбиҳо ноил гаштанд. Маҳз бо роҳбарию сарварии оқилонаю хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон сокинони Тоҷикистон ба ободию осудагӣ, ваҳдату якпорчагӣ дар Тоҷикистон соҳиб гардиданд.
Бояд гуфт, ки давоми 30 соли истиқлоли бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо бо вуҷуди бисёр мушкиливу монеъаҳо таҳкурсии давлати соҳибистиқлоламонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шуруъ намудем.
Таъмини истиқлолияти энергетика, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории онро ба самтҳои стратегӣ сиёсати давлат табдил додем, ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалиятноки муносибатҳои нави иқтисоди ислоҳоти амиқро пайгирона амалӣ карда истодааем.
Каримова Робия, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар