БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО КОРМАНДОНИ “3333”

БОХТАР. Дирӯз дар шаркати “Рахш таксӣ Бохтар” вохӯрӣ бо кормандони ин ширкати ватанӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Неъматулло Иброҳимзода, директори генералии ҶДММ “Умеди Хуталон” Исматов Умедҷон ва кормандони ширкати “Рахш такси Бохтар” иштирок доштанд. Иброҳимзода Неъматулло доир ба таърихи таъсисёбии ҲХДТ, фаъолияти он, талабот ва шартҳои аъзошавӣ ба ҳизб, барномаҳои ҲХДТ, уҳдадориҳои аъзои ҳизб ва дигар паҳлуҳои фаъолият ҳизб маълумот дод.

Аз ҷумла, мавсуф  иброз дошт, дар барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои давраи солҳои 2020-2025 омадааст, ки ҷиҳати ҳавасманд гардонидани фаъолияти соҳибкорӣ ҲХДТ тақвияти механизми дастгирии давлатии соҳибкориву рушди сармоягузорӣ ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда, ҷалби ҳамватанон – соҳибкорони бурунмарзӣба рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва ғайра чораҳои амалиро роҳандозӣ мекунад.

-ҲХДТ дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани садати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон дар тули чоряк аср талош варзида истодааст,- таъкид дошт раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар.

Дар интиҳои вохӯрӣ а соҳибкорӣ ватанӣ  директори генералии ҶДММ “Умеди Хуталон”  Умедҷон Исматов шаҳоданомаи ҲХДТ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg