БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИ АМАЛИ НОМАТЛУБ

АНДЕША. Имрӯз ҷаҳони муосирро хатарҳои нав ба нав, ба монанди гармшавии иқлими сайёра, паҳн шудани бемории сироятии COVID-19, хушксолӣ,  гуруснагӣ, нарасидани оби ошомиданӣ алалхусус дар қитъаи Африқо, бекорӣ ва мавҷи муҳоҷират, шиддат гирифтани муқовиматҳои мусаллаҳона ба монанди терроризм ва ифротгароӣ пайгирӣ менамояд. Дар ҳақиқат, терроризм ва ифротгароӣ имрӯзҳо ҷаҳонро ба такон оварда, боиси нигаронии оламиён гаштааст.

Онҳо ба худ чеҳраи нав гирифта, зери ниқоби Ислом амал намуда, даст ба қатлу озори одамон мезананд. Ҳатто даст ба куштори пирону барҷомондагон ва занону кӯдакон боз намедоранд. Дар баробари ин молу амволи одамонро ғорат карда, занону кӯдаконро ба ғуломӣ мебаранд, ки ин амалҳои онҳо мухолифи оддитарин меъёрҳои ахлоқии аҳкоми дини мубини Ислом ва дигар қонунҳои ҷомеаи инсонӣ мебошад.

Ифротгароӣ ё худ экстремизм вожаи лотинӣ буда, раванде мебошад, ки ҷонибдори усулҳои фаъолият ва ақидаҳои ифротӣ, ки аз тарафи ҳизбҳо, созмонҳо, гурӯҳҳо ва ҳатто баъзе давлатҳо дастгирӣ карда мешавад. Умуман ифротгароӣ ин бо роҳи истифодаи яроқ, куштор ба чизе ноил шудан аст. Ифротгароӣ натанҳо дар амал, балки дар рафтору гуфтор ва андеша ҷой дорад. Ифротгароӣ ё терроризм яке аз шакли тарсонидани мардуми осоишта бо роҳу воситаҳои гуногун мебошад. Ифротгароӣ моли ин ё он дин нест ва буда ҳам наметавонад. Террористон динро танҳо парда ё ниқоб қарор дода, зери  он мехоҳанд корҳои зишту носавоби худро анҷом диҳанд.

Терроризм якранг нест, доим дар тағйир аст. Рӯз то рӯз инкишоф меёбад, васеъ паҳн мешавад. Рӯ ба ифротгароӣ овардани  ҷавонони имрӯза шояд вазъи иқтисодӣ, коррупсия, бекорӣ, фиреб, надонистани қонун, бесаводӣ, хурофотпарастӣ, дониши пасти сиёсӣ, надоштани таҳсилоти олӣ ва дигар омилҳо мебошад. Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро меандешад, то пеши роҳи ифротгароиро гирад. Зеро ҳоло ҳам равияҳои  ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ хавфи калон доранд. Ҳодисаҳои рӯзҳои охир дар давлати Исломии Афғонистон гувоҳи он аст, ки идеалогияи онҳо пурра хурофот буда, аз оддитарин меъёри ахлоқи волои исломӣ фарсахҳо дуранд. Зеро ки мувофиқи талаботи дини мубини Ислом рехтани хуни ноҳақ ҳаром аст.

Ҳоло ҳам ҳастанд гурӯҳҳои бадхоҳе, ки мехоҳанд аз хориҷи кишвар сулҳу суботи кишвари моро ноором созанд. Аммо ваҳдат ва ягонагии мардуми азиятдидаи мо бо ин кирдорҳои бадхоҳона рахна намегардад.

Файзизода Каримҷон Нозил, расии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg