Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Дараи Эмоми ҷамоати деҳоти Доғистон бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вохӯрӣ дар мавзӯъҳои мубрами рӯз, аз қабили терроризм, экстремизм, коррупсия ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ баргузор гардид. Ҳамчунин, қайд гардид, ки ҷавононро бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем.
Вохӯриро мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Неъматов Абдуҷаббор кушода, мақсаду мароми ҳузур ва ташрифи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро ба сокинони деҳаи мазкур фаҳмонида, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз изҳори андеша кард.