НОРАК. Ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии короновирус корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотонии аҳолӣ доир ба роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 ҳамарӯза кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак якҷоя бо сохторхои дахлдор дар ҷойҳои серодам, кӯчаҳои марказии шаҳр, маҳалаҳо, боғҳои фарҳангӣ- фароғатӣ, дохили нақлиётҳои мусофиркашон маҷлисҳо ва аксияҳо доир намуда истодааст.
Аз аҳолӣ хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷаъмиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман аз ниқобҳо тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ доранд. Мушоҳида гардид, ки аксари сокинон ниқоб доранд, вале бинобар бемасъулиятӣ дар киссаҳои худ нигоҳ медоранд ва оқибати хатарҳои худро дарк намекунанд.
Хамзамон, ба сокинон маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.