БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ, МАРДӢ...

КӮШОНИЁН. Дар ҳар давру замон шахсони хайрхоҳу эҳсонкор ба ятимону маъюбон ва барҷомондагону ниёзмандон дасти ёрӣ дароз мекунанд  ва амали хайреро анҷом медиҳанд. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромаду вохӯриҳояшон ҳамеша таъкид менамоянд ва чунин дастгириҳои неку инсондӯстона пайваста амалӣ карда мешавад.

Ин навбат  корманди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Бобомуродов Манучеҳр аз ҳоли маъюб Маҳмадов Билолиддин аз Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод,  деҳаи Навҷавон хабар гирифта, бинобар дар шароити на он қадар хуби манзили истиқоматӣ қарор доштанаш ба ӯ кумаки навбатии худро расонид.

Барои дар шароити мусоид зиндагӣ намудани маъюб хонаи истиқоматии шахси маъюб, ки барои сохтани он  танқисӣ мекашиданд,  бо маводҳои сохтмонӣ, аз ҷумла 10 халта семент, 3 адад тиреза, 2 адад  дар, 8 халта оҳак, барои сақф бастан гипсакардон ва ғайраҳо кумак намуд.

Аз ин кори савобу амали хайрхоҳонаи ҷавони саховатманд аҳли оилаи ин хонадон изҳори миннатдорӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg