КӮЛОБ. Зери ҳамин унвон миёни кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади ҳарчи бештар паҳн намудани маводҳои иттилоотию хабарии ҳизбӣ дар шабакаи интернет, сомона ва саҳифаҳои иҷтимоӣ семинар-машварат баргузор гардид.
Зимни семинари мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита Абдураҳмон Ҳасанов иброз дошт, ки озмуни “Беҳтарин интишордиҳандаи маводҳои хабарӣ” аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон роҳандозӣ гардида, бо мақсади ҳарчи бештар паҳн намудани маводҳои иттилоотию хабарии ҳизбӣ дар шабакаи интернет, сомона ва саҳифаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook миёни кормандони ҳизбӣ, аъзои гурӯҳи вакилии ҳизбӣ ва волонтёрони ҳизбӣ роҳандозӣ мегардад.