ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Ғалаба» вохӯрии судманди ҳизбӣ дар мавзӯъи «Пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияиҶайҳун Насимахон Ғаффорова, масъулин ва 40 нафар аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр доир гардид.Зимни баргузории вохӯрӣ Ҷумагул Шомаҳмадова дар мавзӯъи болозикр муфассал суханронӣ намуд.
Мавсуф дар рафти суханронии бардавоми хеш иброз намуд, ки тамоюли вусъатёбии мубодилаи беҳадду марзи иттилоотӣ, рушди интернет, коркарду пахши барномаю ахбор ва густариши алоқаи моҳворавӣ, имкониятҳои шабакаи телевизионӣ ва технологияи компютерӣ, чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст «Интернет-Фосилаи фазою вақт ва макону замонро кӯтоҳ карда, чун қосиди ҷаҳонишавӣ ба мо аз бурду бохти иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг, техникаву технологияи муосир ва соири риштаҳои дигари фаъолияти башарият маълумот мерасонад». Чунин вазъият бешубҳа рақобати пурзӯрро дар байни расонаҳои хабарӣ баҳри ба даст овардани фазои иттилоотӣ ба миён овардааст.
Аз ин рӯ, мо соҳибватанонро месазад, ки дар таъмини амнияти иттилоотии кишвари азизамон-Тоҷикистон саҳмгузор буда, ҷомеаро аз хатарҳои геополетикӣ эмин нигоҳ дорем.