ВОСЕЪ. Баъди натиҷагирии даври интихобии мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳои ғайрикасбии Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Восеъ барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” ғолибони дастаҳои ғайрикасбии Ҷамоатҳои деҳоти ба номи М. Вайсов ва Гулистони ноҳияи Восеъ бо ҳам омада, ғолибият насиби дастаи Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов гардид.
Мақсад аз баргузор кардани чунин мусобиқаҳо ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дарёфти чеҳраҳои нави соҳаи футбол, инчуин рушд намудани футбол дар сатҳи маҳал мебошад.