Ҷ.БАЛХӢ. Бо фарорасии соли нави таҳсил ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳолати таъмиршавӣ қарор дошта, бино ва синфхонаҳои муассисаҳои таълимӣ рангу бор карда мешаванд.
Ин раванд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62-и ноҳия, ки аз ду ошёна ва 28 синфхона иборат аст, бо ҷалби аъзо ва тарафдорони ҲХДТ бо маром идома дошта, дар назар аст, ки то оғоз шудани дарсҳо ҳамаи синфхонаҳо пурра таъмир ва рангу бор карда мешаванд.