Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи корҳои ободонию созндагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳама Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуда истодааст.
Дар ин раванд бо ташаббус ва фарогирии аъзои фаъоли ҳизб дар деҳаи Панҷсолаи Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тоза намудани гузаргоҳи асосӣ тариқи ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид, ки дар он иштирокчиёни чорабинӣ бо руҳияи баланди ватандӯстона ба ҳашари умумӣ баромада, дар як қатор корҳои созандагӣ саҳми худро гузоштанд.