ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Фархор деҳаи Иттифоқи ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Зимни суҳбат бо аҳолӣ вобаста ба солим нигоҳ доштани гигиенаи шахсӣ ва тозаву озода намудани гирду атрофи маҳали зист ба сокинон маслиҳатҳои муфид дода, ба шахсони ниёзманд ниқобҳои яккаратаи муҳофизавӣ ва варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуданд.