Н.ХУСРАВ. Мутобиқи нақшаи мувофиқашуда оид ба баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар корхонаву муассисаҳо ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳо оид ба самтҳои фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби -созандаю бунёдкор чорабинии фаҳмондадеҳии вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномави ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам густариш додани иртибот бо мардум ва ҷалби васеи ҷавонон дар амали намудани ҳадаф ва мақсадҳои созандаи ҲХДТ дар таърихи дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Арабхона -1” бо иштироки зиёда аз 40 нафар аъзои ҳизбӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохӯриро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маҳаллаи Арабхона -1 Примов Аламурод кушода, мақсади вохӯриро ба ҳозирин фаҳмонид. Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ -ҳизби созандаю бунёдкор, ҳадафҳои барномавӣ ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру ҳидоятҳояшон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, инчунин дар вохӯрӣ бо аҳли заҳмати вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара рӯзи 2.06.2018 ба ҳозирон фаҳмонида дода, аз сокинони ноҳия даъват ба амал овард, ки барои дар амал татбиқ кардани дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар таъмини яке аз ҳадафҳои давлату Ҳукумат Истиқлолияти озуқаворӣ саҳми худро гузоранд.