НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯзанда” вохӯрӣ бо иштироки аъзои фаъоли ҳизб баргузор гардид.
Дар суҳбат мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Хайруллозода Баҳодур, иброз дошт, ки барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ шахсони масъул масъулияти бештар зоҳир карда, дар татбиқи ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизб бояд саҳмгузор бошад. Ичунин, дар идомаи маҷлис дигар паҳлуҳои масъалаҳои мубрами рӯз тарғиб карда шуда, ҷамъомадагон ба амалҳои созанда раҳнамоӣ гардиданд.