ЁВОН. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад.
Дар деҳаи Дастгираки ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов бо ҷалби шахсони саховатпеша ва аъзову ҷонибдорони ҲХДТ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” таъмиру азнавсозии як адад истгоҳи замонавӣ барои истифодаи сокинону меҳмонони деҳаи мазкур сохта шуда истодааст. Сохтмони истгоҳи мазкур дар назди дарвозаи даромадгоҳи деҳа дар онҷое, ки аксҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон насб гардидааст, бунёд карда мешавад. Пас аз ба итмом расидани сохтмони истгоҳи мазкур сокинон метавонанд аз он васеъ истифода намоянд.