ДӮСТӢ. Имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ таъмири ҷории мактабҳо ва синфхонаҳо бо маром идома дорад.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 низ бо ташаббуси маъмурияти муассиса ва саҳмгузории Кумитаи падару модарон, аъзову тарафдорони ҲХДТ, таъмири синфхонаҳо ба анҷом расонида шуда, рангубори қисми берунии бинои мактаб рӯзҳои наздик ба итмом мерасад.