Ш.ШОҲИН. Ҷиҳати паст кардани шиддати мавҷи дуюми коронавирус, ки имрӯз натанҳо ҷомеаи мо, балки ҷомеаи ҷаҳониро низ ба ташвиш овардааст, яке аз роҳҳои пешгирӣ аз он риояи гигенаи шахсӣ ва истифодаи ниқобҳои муҳофизативу маҳлулҳои антисептикӣ мебошад.
Бо ҳамин мақсад дирӯз кормандони масъули ҳизбӣ дар маркази шаҳрак Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Бе ниқоб мабош!»-ро роҳандозӣ намуда, дар байни сокинон варақаҳои иттилоотиро тақсим намуданд.