БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо” вохӯрии навбатӣ доир гардид. Вохӯрии мазкур бо аъзои ҳизб дар шуъбаҳои таваллудхона ва кӯдаконаи Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба ном Бӯрӣ Воҳидов баргузор шуда, дар он аъзои ҲХДТ- табибони шуъбаҳои таваллуд, урология, бемориҳои занона, кормандони миёнаи тиббӣ ва техникии Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидов, иштирок доштанд.
Толибзода Толиб мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар доир ба масъалаҳои муҳими дохилиҳизбӣ ибрози назар кард.
Дар идома Толибзода Толиб доир ба масъалаи “Пешгирии терроризму экстремизм вазифаҳои ҳар яки мост” маърӯза намуда, гуфт, ки ҷомеаи муосир, ки пур аз таҳаввулоту бархурдҳо мебошад, рақобати давлатҳои абарқудрат дар васеъ кардани доираи нуфузи худ дар ҷаҳон шиддат мегирад, падидаҳои эктремистиву террористидошта низ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд. Терроризму экстремизм падидаи нав нест, аммо солҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокини сайёра табдил ёфтааст.
Терроризму экстремизм дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ метавонад ба миён ояд. Тибқи баъзе маълумотҳои оморӣ айни замон дар ҷаҳон беш аз 500 адад ташкилотҳои террористиву экстремистӣ арзи ҳастӣ доранд.
Вазифаи ҳизбиён ва аҳли ҷомеа дар ин самт аз он иборат аст, ки баланд сохтани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз хатарҳои терроризму эктсремизм, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, омӯзонидани суннатҳои қадимаи ниёгонамон, аз қабили эҳтироми калонсолон, маърифати оиладорӣ, кумак ба дармондагон, анҷоми корҳои ободонӣ ба тариқи ҳашар ва ғайра ва ба ин васил саҳмгузорӣ намудан дар пешрафт ва гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз.