ПАНҶ. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус СOVID-19 миёни сокинон бо усули “хона ба хона” ва «кӯча ба кӯча» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қодир Зоидов»-и ҷамоати шаҳраки Панҷ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, оид ба аз нав хуруҷ ёфтани бемории сироятии коронавирус, бе ниқоби муҳофизатӣ гаштугузор накардан мулоқот доир намуданд .
Инчунин, дар рафти мулоқотҳо ба сокинон ниқобҳои муҳофизатӣ, маводҳои антисептикӣ ва варақаҳои иттилоотӣ баҳри пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус COVID-19 ба мардум дастрас карда шуд.