ХОВАЛИНГ. Дар арафаи таҷлили иди саиди фитр кӯмакҳои молию пулии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ба табақаи ниёзманди аҳолии ноҳия расонида мешавад. Ҳамин гуна ёрӣ ба яке аз оилаҳои камбизоат Мустафоев Фатҳуддин расонида шуд.
Номбурда баъди гирифтани маблағи ёрӣ миннатдории худро ба Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баён намуда, аз он қаноатмандӣ изҳор кард, ки табақаҳои ниёзманди аҳолӣ зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва ба онҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.