ДӮСТӢ. Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ, таъмири ҷории синфхонаҳо бо маром идома дорад.
Чунин иқдом дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, хеле хуб ҷараён дошта, то имрӯз қариб ҳамаи синфхонаҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, рангуборкунии роҳравҳо ва қисмати берунии бинои мактаб идома дорад.
Дар ин кор саҳми Кумитаи падару модарон ва аъзову тарафдорони ҲХДТ хеле назаррас буда, маъмурияти муассиса азм доранд, ки то оғози соли таҳсил мактабро пурра омода созанд.
Ҳамчунин, барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани хонандагон дар саҳни мактаб, оби зеризаминӣ бароварда шуда, дар он насоси обкашӣ ва таҷҳизоти дастшӯӣ насб карда шудааст.