ВОСЕЪ. Дар доираи Аксияи ҳизбӣ тахти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар деҳаи Восеободи калон дар кӯча ва роҳравҳо фурӯзонакҳо насб карда шуд. Таъмини фурӯзонак ва дигар маводҳои лозимӣ аз ҳисоби аъзои гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Азизов Саймухтор амалӣ гардид.
Бояд қайд намуд, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаву маҳаллаҳо корҳои созандагӣ ҷараён дошта, мардум ин ҷашни таърихиро бо дастовардҳои назаррас таҷлил хоҳанд кард.