БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО БО ТУҲФАҲОИ АРЗАНДА ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ!

А.ҶОМӢ.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Шоймардонов” маҷлиси ҳисоботӣ-интихотӣ доир гардид,ки дар кори он Муҳаммаддовуд Ҳалимзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Муминзода Мастура Табарӣ роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ,  Амонзода  Абдураҳим раиси ташкилоти ибтидоии шаҳрак оид ба маҳалли зисти ноҳия ва як қатор вакилони маҳаллӣ низ иштирок доштанд.

Пеш аз ҳама ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Шоймардонов” шунида шуда, зикр карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур тавонистанд, ки дар ҷодаи касбӣ ва корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.

 Зимнан масъалаҳои баргузории соатҳои сиёсӣ, чорабиниҳо ва корҳои дастаҷамъонаву бунёдкорӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, риояи талаботи Оиннома ва Одобномаи ҳизбӣ, саривақт анҷом додани маъракаи сиёсии “Обуна-2022” ва намунаи ибрати дигарон будан дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сипас Муҳаммаддовуд Ҳалимзода ва Муминзода Мастура Табарӣ роҷеъ ба фаъолияти назарраси ташкилот дар татбиқи Барномаи ҲХДТ, баланд бардоштани иродаи сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, тарғиби идеологияи миллӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, дастгирии содиқонаву самимии сиёсати бомароми Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, садоқат ба Ватан, миллат, Президент, омодагӣ ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли миллӣ, пешгирии паҳншавии мавҷи нави сироятии ковид-19 ва амсоли ин мавзӯҳои набзи ҷомеа суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg