ҶАЙҲУН. Бо мақсади пешгирии паҳншавии COVID-19 дар ноҳияи Ҷайҳун гузаронидани ваксина алайҳи коронавирус бо шиддат идома дорад.
Қисми зиёди аҳолӣ барои гузаронидани ваксина розӣ буда мегӯянд эмгузарондан ва иммунинети баланд доштан хубтар аст аз оне, ки ин бемориро бо вазнинтарин ҳолатҳо мегузаронем”.
Бояд қайд кард, ки эмгузаронӣ дар утоқҳои махсуси маркази саломатии ноҳия, дар беморхонаҳои минтақавӣ ва дар бозори марказии ноҳия низ ташкил ва гузаронида мешавад.