БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЙМОНИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИҚОБИ ДИГАР

ВОКУНИШ.  Ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз сабабҳои асосии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташкилоти экстремистию террористии наҳзатиён буд.

Баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди шуравӣ, дигар давлатҳои ҳамҷавор аз паи ободии кишвари худ гардиданд, аммо аз вазъияти он замон ки пояҳои давлатдорӣ суст гардида буд, наҳзатиён истифода бурда бо сарпарастии хоҷагони хориҷиашон ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ташкил намуданд.

Аз сабаби он ки зиёда аз 90 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусулмон ҳастанд, онҳо дар зери ниқоби дини мубини ислом, мехостанд мардумро гумроҳ сохта ҳадафҳои разилонаи худ ва хоҷагонашонро пиёда созанд.

Дар ин солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, зиёда аз 100 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қурбон шуда, наздик ба як миллион гурезаҳо хоки Ватани азизи худро тарк карда, ба давлатҳои хориҷӣ хусусан Ҷумҳурии исломии Афғонистон паноҳ бурда, ҳамчун муҳоҷирони иҷборӣ азоби душвори равонию ҷисмонӣ кашиданд. Зарари иқтисодии ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.

Таърихи башарият ҷангҳои зиёди ҷаҳонию ватаниро ёд дорад, аммо ин ҷанге, ки наҳзатиён болои сари ҳамватану ҳамзабон ва бародарони худ оварданд, таърих ёд надорад.

Хуни зиёда аз 100 ҳазор шаҳрвандони бегуноҳ, ки қурбонии ин ҷанг гардиданд ба гардани ин террористони наҳзатӣ бор мебошад, аммо наҳзатиён инро дарк накарда боз ҳадафҳои ғаразноки худро идома дода истодаанд. Ба хотири бори дигар сарҷамъ гардонидани миллат ва аз хатари нестшавӣ нигоҳ доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди ба имзо расидани "Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро авф намуданд ва дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, ташкилоту идораҳои давлатӣ бо ҷои кор таъмин намуданд. Аммо чун дар ниҳоди ин гурӯҳи террористӣ куштану ғорат кардан ва вайронкорӣ нуҳуфта буд ба ҳамаи ин пешравию ободкорӣ ва созандагӣ нигоҳ накарда бо роҳбарии саркардаи террористашон Кабирӣ ва ғуломи ҳалқабаргӯшашон Ҳоҷӣ Ҳалим, хостанд бо роҳи ошуб давлатро ба даст биёранд, хушбахтона ин дафъа низ тирашон хок хӯрд. Мардуми шарифи Тоҷикистон дигар фирефтаи касе намешаванд. Мо хуб дарк намуда истодаем, ки танҳо сиёсати сулҳҷӯёна ва адолатпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба ҳадафу ормонҳои миллии давлату миллат мерасонад.

Ин гурӯҳи ТЭТ наҳзат, баъди дубора ноком гардидан ниқоби худро иваз карда, акнун зери номи "Паймони миллии Тоҷикистон" дар хориҷи кишвар амал карда истодаанд.

Саркардаи ин гурӯҳи террористӣ Кабирӣ хуб медонад, ки дигар мардуми Тоҷикистон фирефтаии суханони ӯ нестанд ва ӯро нафрат ҳам мекунанд, вале чун аз хоҷагони худ долларҳои зиёде гирифтааст маҷбур аст ки тутивор лақидан гирад дар акси ҳол бе макону бе нон монда гадоӣ мекунад.

Мо ҷавонони зодаи истиқлол фирефтаи чунин хоинон намешавем ба Ватан ва Президенти худ содиқ монда, ба мардум софдилона хизмат мекунем.

Қурбонов Абдулҳафиз,  раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg