БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуғли аҳолӣ” бораи нимсолаи аввали соли 2021 иштирок намуданд.

Дар маҷлис масълаҳои дар рӯзномабуда мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Инчунин, Шарипов Алихон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.

Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ Исмон иштирок намуда, оид ба масъалаи сазовор истиқбол намудани ҷашни дарпешистодаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки бо роҳи иштирок дар аксияю ҳашарҳои ҳизбӣ таҳти унвони “Ободии Ватан – саодати мост” саҳми худро дар ободии як гӯшаи диёр гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg