БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН: 30 - СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи асосӣ ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, ки инро пеш аз ҳама  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул карда ва вобаста ба ин  чунин таъкид кардаанд: “Имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро аз худ намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ва ба хотири рушди кишвари маҳбубамон сайъю талоши фаъолона доранд ва аз ин рӯ, имрӯз рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст”.

Бояд гуфт, ки фаъолияти меҳнатии мову шумо ба яке аз соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти мамлакат саҳмгузорӣ ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварамон равона шудааст ва ин амал аз ҳар яки мо, дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаамон гузошташуда масъулияти баландро тақозо менамояд.

Маврид ба  зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлолият зарурати ҳатмии ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфтааст. Ҳамагӣ баъди 6 моҳи соҳиб гаштани Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», ки 13 марти соли 1992 сурат гирифтааст, далели ин гуфтаҳо мебошад. Ибрози он ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст. Ин бори дигар собит месозад, ки кишвари азизамон -Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад.

Дар тӯли 30- соли истиқлол кишвари мо таҳти сарварии  Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт ва эътибори сиёсии давлат ва миллат дар арсаи байналмилалӣ афзуд.

Ёдовар мешавем, ки кишвари азизу муқаддаси мо дар арафаи ҷашнвораи бузургу таърихӣ, ҷашни тақдирсози 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Ҷавонон дар ин 30-соли соҳибистиқлолӣ дорои мавқею нуфузи хоси худ бо дастгириву роҳбарии Пешвои ҷавонпарвару ғамхор Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гаштанд. Шукри ҳастии чунин Пешвои некбину некандеш ва ояндасоз. Ҳанӯз 30 сол пеш ин марди ғамхору дурандеш ба фикри дурахшонии ҷавонон буд ва ояндаро дасти онҳо супурданӣ, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид. Таҷлили  иди фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ  барои баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва худхоҳии ҷавонон аҳамияти фавқулодда дорад. Ба истиқболи ин санаи муборак бояд ҳар як дастовези худро дошта бошем ва дар зери Парчами Ватан бо ҳам омада, баҳри он бикӯшем, ки дар Тоҷикистони азизи мо пешравиҳои бештари иқтисодию, иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ рӯи кор оянд. Барои ин донишу заҳмат ва масъулияти ҷавонон амри зарурист.  Пас мо ҷавонони зодаи истиқлолро бо шукргузорӣ аз неъматҳои атошуда мебояд, бо дасту дили гарм ва ниятҳои неку қадамҳои устувор дар ободонию пешравии кишвари азизу зебоямон саҳми босазо гузорем!

Нуруллоев Саъдулло, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg