БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРҲАНГ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

АНДЕША.  Дар пайи таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бахшида ба Соли ҷавонон дар яке аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа намуданд, гуфта шудааст, ки «Аҳли ҷомеаро зарур аст, ки пояҳои ахлоқии насли ояндасозро бо ташаккули афкори эҷодию созанда ва гиромидошти арзишҳои  фарҳанги миллӣ  мустаҳкам созанд».

Оре, либоси миллӣ низ яке аз унсурҳои фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад, бинобар ин  фарҳангро бояд тавре нигоҳ дошт, ки  орӣ  аз ҳама гуна таъсироти бегона буда, инъикосгари модиёт ва маънавиёти  миллат бошад.  Дар ҷомеаи мутамаддин ҳар як миллатро бо сару либиси миллиаш мешиносанду баҳо медиҳанд.

Воқеан, тӯли якчанд соли охир  маърифати бегонапарастӣ дар тарзи либоспӯшӣ ва кирдорҳои бархе аз ҷавонону наврасон ва занон ба мушоҳида мерасанд, ки  боиси нигаронии аҳли ҷомеа  гардидааст, ки ин ҳамон бархӯрди тамаддунҳо мебошад.

Мо бояд аз ин бархурдҳо беҳтарин чизҳоро ба худ гирем ва нагузорем, ки пояҳои фарҳанги миллии мо заиф гарданд, чунки фарҳанг ҳастии миллат аст.

Дар ин росто сардафтари  адабиёти форсу тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ фармудаанд:

          Ҳеҷ  ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

         То тавонӣ рӯй бар ин ганч неҳ.

Ғафуров Сайдамир, узви гурӯҳи таҳлилии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg