БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒОЛИБИ ОЗМУНҲОИ ҲИЗБӢ ШАВ!

Ҷ.БАЛХӢ.  Бахшида ба   30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистондар дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ миёни  сокинон ва ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ озмунҳои ҳизбии  "Беҳтарин маркази ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ" , "Меҳмонхонаи беҳтарин", "Ташкилоти ибтидоии  сол", "Беҳтарин иншооти гигиенӣ", "Беҳтарин кӯча" ва "Хонаи тоза" баргузор гардида истодааст.

Бо ин мақсад кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ҷвлолиддини Балхӣ  вохӯрӣ баргузор карда, аз хонаи истиқоматии Ҷумаева Бароат сокини маҳаллаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти  ба номи Алишер Навоӣ, ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зарводӣ” дидан карда, зимни суҳбат бо онҳо оид ба ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоӣ, саҳмгузорӣ дар ободонии кӯчаю маҳал, гулшинонӣ дар назди хонаҳои истиқоматӣ, тоза намудани кӯчаю маҳал ва барои ба  дастовардани ғолибият дар озмунҳои ҳизбӣ маслиҳатҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg