БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Чорвои солим манбаи ғизои солим аст

ҲАМАДОНӢ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2018  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев, Саиҷалол Ҷалилов ва Фирӯз Пиров бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Ветлабаратория» вохӯрӣ гузарониданд.

Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин дар бораи соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм вапешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро суханронӣ намуданд.

Аз аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур, ки самти фаъолияташон ба ташхису табобати бемориҳо миёни чорвои хонагӣ иборат аст, даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин самт бештар кор баранд, зеро ғизои солими мардум аз маҳсулоти шириву гуштии чорвои солим вобаста аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg