БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ МУҚАДДАСТАРИНУ АЗИЗТАРИН НЕЪМАТ…

АНДЕША. Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.

Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ - Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид.

Истиқлолияти давлатӣ, инчунин, ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки си сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Ҳамчунин яке аз аввалин тадбирҳои муҳимме, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид, қабул шудани Конститутсия ва дар заминаи он ташаккул ёфтани низоми нави қонунгузории кишвар буд.

Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар миқёси собиқ давлати абарқудрат яке аз аввалинҳо шуда, бо азму иродаи мардуми кишвар аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, аз ҷумлаи бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон гардид.

Ин санади тақдирсоз заминаи ҳуқуқии бунёди давлатдории муосири миллӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ, кафолати таъмини соҳибихтиёрӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро фароҳам овард.

Бояд гуфт, ки дар Конститутсияи мамлакат риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд меъёри асосии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ эълон шуда, дар асоси таҷзияи ҳокимият тартиби ташкил, салоҳият ва ҳамкории байни мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дақиқ танзим гардид.

Ба хотири ҳифзи ин неъмати бебаҳои таърихӣ, яъне истиқлолият, ки шарти ҳастиву бақои миллат ва кафили фардои дурахшони он мебошад, ҳамчунин, барои таҳкими дастовардҳои он, аз ҷумла сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқи азизамон ҳар яки мо вазифадорем, ки минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва саъю кӯшиши худро ба ин роҳи пуршараф сафарбар созем ва бо заҳмати содиқонаи худ Ватанамонро боз ҳам ободу зебо ва давлати соҳибихтиёрамонро пешрафтаву муқтадир гардонем.

 

Ҳусейнзода Наврўз, раиси ташкилоти ибтидоии «Каёнварз»

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg