БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ – МАКТАБИ ХУДТАКМИЛДИҲИИ ҶАВОНОН

АНДЕША.  Ҳақиқатан ҷомеаро бе шахсони хайрхоҳ ва ё некбин тасаввур кардан ғайриимкон аст. Хушбахтона, инсонҳои накӯкор ва ё хайрхоҳ дар ҷомеа хело зиёданд ва ҳар яки онҳо амал ва ё ниятҳои созандаи худро ба таври гуногун роҳандозӣ  менамоянд. Яке аз чунин гурӯҳи одамоне, ки мехоҳанд дар рушду нумӯи ҷомеа нақши муассири худро гузоранд, волонтиёрон мебошанд.

Волонтёр –шахси воқеие, ки ихтиёран ва бо интихоби озоди вақт, кор ва малакаи худро бемузд ва ё ҷуброни хароҷот бевосита ва ё ба воситаи ташкилотҳои ҷалбкунанда ба манфиати ҷомеа пешниҳод менамояд. Дар замони имрӯза фаъолияти волонтёриро метавон як намуди хизматрасонии муосири гуногунпаҳлу номид. Боиси зикр аст, ки ин намуди хизматрасонӣ дар кишвари мо  аз  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  фаъолияти волонтёрӣ” манша гирифта, дар ҳоли рушд аст. Қонуни мазкур барои шахсони аз синни 16- сола боло, новобаста аз ҷинс, миллат, касб ва мавқеи дар ҷомеадошта,  имконият медиҳад, ки  фаъолияти волонтёриро анҷом диҳанд. Имрӯз дар назди бархе  аз вазорату кумитаҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, метавон бо ҷавононе вохӯрд, ки  ба ҳайси волонтёр дар баробари кормандони ин ниҳодҳо фаъолияти пайваста намуда истодаанд. Аксарияти ин волонтёрон аз ҳисоби хонандагони синфҳои болоӣ ва донишҷӯён мебошанд, ки дар  вақти холигии худ ба ин фаъолияти пурифтихор машғул мегарданд. Дар ин баробар савол ба миён меояд, ки волонтёрон чи кореро метавонанд анҷом диҳанд.? Вобаста ба ин савол метавон қайд кард, ки фаъолияти волонтёрӣ дар навбати худ ба ду гурӯҳ, касбӣ ва ғайри касбӣ ҷудо мешавад. Барои фаъолият дар гурӯҳи касбӣ он нафароне ҷалб карда мешаванд, ки доир ба ҳамон касб  кор ва ё таҳсил менамояд. Барои мисол метавон ёдовар шуд, ки  хонандагоне, ки дар оянда табиб шудан мехоҳанд ва ё донишҷӯёне, ки дар соҳаи тиб таҳсил менамоянд,  метавонанд фаъолияти волонтёриро дар дилхоҳ беморхона ба роҳ монанд.

Дар ин баробар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ҷиҳати ташвиқи иштироки шахсони воқеӣ ба фаъолияти волонтёрӣ, мутаҳҳид намудани ҷавонони ба ин фаъолияти машғулшаванда, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати боло бардоштани донишҳои сиёсии ҷавонон бо мақсади пешгирӣ аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳамзамон ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва рушди фаъолияти волонтёрӣ,  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯён, собиқадорон ва дигар шахсони ихтиёриро ҷиҳати ҳамкорӣ даъват менамояд. Мавриди зикр аст, ки имрӯз барои нафароне, ки мехоҳанд донишҳои сиёсии худро боло баранд, тамоми шароитҳои лозима дар Кумитаи иҷроияи мазкур фароҳам оварда шудааст. Айни замон хонандагон ва донишҷӯён, ки дар таътили тобистона қарор доранд, метавонанд   фаъолияти волонтёриро анҷом диҳанд ва донишҳои назариявӣ ва амалии худро боло баранд.

Дар ин росто аз ҳамаи хонандагон, донишҷӯён, собиқадорон ва дигар шахсоне, ки мехоҳанд заррае дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд ва ҷомеаи имрӯзаро дар ҳоли пешрафт бубинанд, даъват ба амал меоварам, ки биёянд ба фаъолияти волонтёрӣ машғул шаванд, зеро чи хуш гуфтааст шоир:

    Зиндаву ҷовид монд, ҳарки накӯном зист,                                                   

    К – аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.       

Худойдод Ёров,  сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва итилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg