
ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва нерӯи барқ дар маҳаллаҳои ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш гузарониданд.
Зимни суҳбат бо аҳолӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла гигиенаи шахсӣ ва тозаву озода намудани гирду атрофи маҳали зист сухан карда, ба сокинон ҷиҳати зифзи солимии худ ва ҷомеа маслиҳатҳои муфид доданд. Инчунин, ба шахсони ниёзманд ниқобҳои яккаратаи муҳофизавӣ ва варақаҳои тарғиботӣ дастрас карданд.