БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистонро аз хатарҳои беруна ҳифз менамоем

ФАРХОР. Вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Гулшан баргузор гардид.

Вохӯрирро сараввал муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шаҳбози Искандар кушода, қайд намуд, ки ҳаракатҳои террористии ба ном давлати исломӣ ҷаҳонро дар руҳияи ваҳшоният қарор дода, аҳолии осоиштаро кушта, кишварҳоро харобу ғapқи хун ва барои амалӣ кардани ғаразҳояшон гурӯҳҳои террористӣ аз нерӯи ҷавонони кишварҳо истифода мебаранд.

Ҳамзамон дар бораи қонуни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбат намуда, мазмуну моҳияи онро ба иштирокчиён фаҳмонда дод.

Сипас, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер баромад намуда, ҳадаф ва моҳияти эълон гардидани соли 2018 –ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ибрози ақида намуд. Аз он ҷумла қайд кард, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои  муҳимми  бо шуғул фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди  дигар  соҳаҳои  хизматрасониву  истеҳсолӣ, инчунин муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҷараёни маҷлис дар деҳаи мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Бӯстон-2018» таъсис дода шуда, раиси он Устоев Холмурод интихоб гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg